HUSEINOV SAIDHOJA(Tajikistan): My Dream and China

 姓名:HUSEINOV SAIDHOJA 昊杰
 国籍:塔吉克斯坦
 就读学校:中国传媒大学
 就读时间:2015.9-2018.7
 就读专业:汉语教育专业(本三)
 爱好:唱歌、旅游、看书

 喜欢的一句话:不听老人言,吃亏在眼前。

             Ман як донишчуе ки дар Чин тахсил дорам ва ин бори аввал аст ки ман як имтиёзи хондан пайдо карда ба Чин омадам. Пеш аз ба Чин омадан, ман ба ин кишвари фархангаш бою ганеъ шавку рагбати зиёд доштам. Ман аз хурдсолиям ба фарханги Чин, таърихи Чин, хурокахои Чин, аз хама мухимаш ба иэроглифхои чини хеле шавку рагбати зиёд доштам. Аз хамин сабаб ман омухтани хамин забонро интихоб кардам. 
               Дар бораи орзуи ман сухан ронем, волидайнам аз хурди маро тарбия кардаанд, ки мактабро нагз хонам, то ин ки дар оянда ягон кори хуб ёфта тавонам, на ин ки мисли волидайнам азобу машаккат кашида барои гузарондани як рузи рузгор кор кунам. Аз хамон вакт сар карда ман барои худ як максад гузоштам, ки мактабро хуб мехонам ва дар оянда харакат мекунам, ки як шахси барои чомеа даркори шавам ва падару модар ва хохару додари худро нигохубин кунам. Баъд аз Чин омаданам хеле дустони аз хорича пайдо намудам, онхо хело шахсияти хуб хастанд, ва аксари вакт кумакашон ба ман расидааст. Дар ин тахсили яксолаи худ дар Чин, ман чизхои зиёдеро омухтам, бисёр чойхои таърихии Пекинро рафта тамошо кардам, хурокахои бомаззаи Пекинро чашида хам дидам. Баъди ба ин кишвари зебо омадан он орзуи хурдии ман дигаргун шуд, пеш аз Чин омадан факат орзу мекардам ки забони чиниро хуб омухта дар оянда тичорати худро огоз кунам ва пулу фоидаи зиёд ба даст орам. Аммо хозир ин орзуи ман тамоман иваз ёфт, мехохам ки ин забонро ба пурраги биомузам, боз имконият пайдо намуда ба ин кишвари зебо бисёртар биёям ва ахлу оилаи худро хам оварда ба онхо ин фарханги бузурги чиниро аз наздик шинос намоям. Баъд аз ин кишвар ба ватанам баргаштан, мехохам ки як омузгори бехтарин дар сохаи забони чини бишавам ва ба донишчуёни мамлакати худ забони чиниро биомузонам ва харакат мекунам ки онхо хам ба мисли ман ин кишвари фарханги бою кадима доштаро дуст бидоранд.     
          Дар ин рохи омузиш дар Чин, харакат мекунам ки бо кушишу захмат забони чиниро биомузам, чунки хар як руз дар инчо бароям хело ганиматшумур ва фаромушнашаванда ба хисоб мераванд. Ман ин кишварро хело дуст медорам. 
          Дар охир гуфтаниям, ки ман аз хукумати Чин ва Маркази таълимии ба номи Конфутсий хело миннатдорам ки ба ман ин имконияти тахсилро доданд.  
Edited By: Yang Jiawen
Share: